Новости сайта

Сун Илҳӣ: Донишгоҳи Кемёнг аз рӯйи 99 ихтисос мутахассис омода мекунад

 
Picture of Пользователь Администратор
Сун Илҳӣ: Донишгоҳи Кемёнг аз рӯйи 99 ихтисос мутахассис омода мекунад
by Пользователь Администратор - Monday, 17 July 2017, 8:46 PM
 

30 июни сори ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев бо ректори Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳо дар соҳаи маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Р. Мирбобоев аз ҳамкории густурда бо Ҷумҳурии Корея, хусусан, бо Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ёдовар шуда, иброз дошт, ки  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея  ҳамкории  судманд доранд.
Ректори Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея Сун зикр намуд, ки  Донишгоҳи Кемёнг соли 1899 таъсис ёфта, дар он  аз рӯйи 99 ихтисос донишҷӯён таҳсил менамоянд. 
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати зиёд намудани бурсия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар Донишгоҳи Кемёнги Ҷумҳурии Корея ва густариши омӯзиши забони кореягӣ табодули афкор намуданд. С.Илҳӣ пешниҳод намуд, ки филиали Донишгоҳи Кемёнг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. 
Дар робита ба ин, муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев пешниҳод кард, ки қабл аз ифтитоҳи филиал факултаи муштарак байни Донишгоҳи Кемёнг ва яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.