Новости сайта

Ислоҳоти соҳаи маориф - давра ба давра

 
Изображение пользователя Пользователь Администратор
Ислоҳоти соҳаи маориф - давра ба давра
от Пользователь Администратор - Понедельник, 17 Июль 2017, 18:08
 

10-уми июли соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорони васоити ахбори дохилию хориҷӣ нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар баргузор гашт.
Дар он вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини якуми вазир Раҳматулло Мирбобоев, муовинони вазир Бозоралӣ Одиназода, Фатҳиддин Усмонзода, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ширкат варзиданд. Нахуст вазири маориф ва илм аз ҳамкории  рӯзноманигорон ва инъикоси саривақтии рӯйдоду масъалаҳои маориф тавассути ВАО изҳори қаноатмандӣ кард.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва масъулини дигари соҳа ба саволҳои намояндагони ВАО дар мавриди даъвати омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли донишҷӯёни тоҷик аз муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини муассисаҳои таълимии мамлакат бо китобҳои дарсӣ, таътили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф бо кишварҳои хориҷӣ, оид ба фаъолияти Маркази миллии тес-тии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёду азнавсозии иншооти соҳаи маориф, тартиби додани ҳуҷҷатҳои давлатӣ ва ғайра посухҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати маориф ва илм таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ буда, барои рушд ва пешрафти ин зина аз тамоми имконият истифода карда мешавад. Дар ҷумҳурӣ 603 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 94 724 кӯдак фаъолият менамояд, ки дар муқоисаи ҳамин давраи соли гузашта 25 муассиса ва 2500 кӯдак зиёд мебошад. 
Дар ҷумҳурӣ 3865 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 364 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 522 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2979 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 1 млн. 837 ҳазору 762 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 53 395 нафар зиёд аст. Санҷишҳои дар се соли охир гузаронида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар соли таҳсили 2017-2018 Федератсияи Россия 600, Ҷумҳурии Қазоқистон 50, Ҷумҳурии Белорус 8, Ҷумҳурии Мардумии Чин 127, Ҷумҳурии Қирғизистон 50 ва Ҷумҳурии Украина 20 бурсияи таҳсилӣ дар зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистратура, ординатура ва аспирантура ҷудо намудаанд.
- Новобаста ба корҳои иҷрогардида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳа ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки камбудиҳо ҳал гардида, ислоҳоти соҳа давра ба давра дар ҳамаи самтҳо амалӣ хоҳад шуд, - иброз дошт дар анҷоми нишаст вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид.
Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,
«Омӯзгор»